РХФМ ба шаҳрвандони ҶТ мадад мекунад

Июнь 21, 2012 13:44

Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Алҳол дар вилояти Маскави Федератсияи Русия беш аз 180 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қайди муҳоҷират қарор доранд. Ҳайати Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав зимни мулоқот дар шаҳри Душанбе дар ин бора хабар дод.Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки тайи 5 моҳи соли 2012 дар ҳудуди вилояти Маскав 18 ҳазору 479 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии шахсони воқеӣ иҷозатнома гирифтанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 31 фоиз зиёд аст. Мақсад аз сафари ҳайати Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав ба Тоҷикистон танзим намудани кори муштараки РХФМ Русия дар вилояти Маскав ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани мадад ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри дуруст ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои оид ба қонунӣ гардонидани муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия мебошад.

Июнь 21, 2012 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад