Роҳандозии як барнома барои бемориҳои қалб

Июнь 6, 2012 09:31

Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз рӯи таҳлилҳои пешакии омории афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон, аз 1000 кӯдаки зиндатаваллуд 8 кӯдак бо нуқсони модарзодии дил ба дунё меояд, ки 75 фоизи онҳо то якмоҳагӣ ва сеякашон то яксолагӣ мефавтанд. Инро духтурони қалбшинос нишондиҳандаи хеле бад миёни дигар давлатҳои ИДМ медонанд.«Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи таваллуд нишондиҳандаи баландро миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қоил аст, падару модарон ба фарзандон — онҳое, ки бо бемории қалб ба дунё меоянд, чандон таваҷҷӯҳ надоранд»,- мегӯяд мудири шӯъбаи ҷарроҳии дили Маркази ҷумҳуриявии дилу рагҳо Абдусодиқ Абдуҷабборов.Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, дар айни замон дар ҷумҳурӣ 7 ҳазор нафар ба бемории қалб гирифтор аст, ки 4 ҳазор нафарашонро кӯдакони синни аз 1 то 12 сола ташкил медиҳанд.Духтурони қалбшинос дар андешаи онанд, ки барои беҳбуд бахшидани ин навъи беморӣ барномае роҳандозӣ гардад, ки барои пешгирӣ ва табобати бемории қалб мусоидат карда тавонад, зеро серфарзандии сокинони ҷумҳурӣ ва камбизоатии аҳолии кишвар имкони пешгирӣ ва табобати ин бемориро надорад.

Июнь 6, 2012 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд