Роҳбари ХМ ҶТ дар Маскав
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Сафари сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев дар Федератсияи Русия идома дорад.Тавре ки аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Сафиалло Девонаев дар чорабинии ботантана бахшида ба 20 — солагии таъсиси Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия иштирок намуд. Дар ҷараёни боздид аз Маркази хидматрасонии давлатии ноҳияи Восточное Дегумино роҷеъ ба ҳамкории Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, Намояндагии он дар Русия ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» бо маркази зикршуда дар мавриди масъалаҳои ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон расонидани кӯмаки ҳамаҷониба созиш ба даст омад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






