Роҳбари МД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» кушта шуд

Июнь 14, 2012 11:34

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Шаби гузашта дар шаҳри Душанбе ба ҷони роҳбари Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмӯъмин Сафаров ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Х. Сафаров аз якчанд тири ба сараш бархӯрда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд. Дар айни замон барои таҳқиқи ин қазия гурӯҳи фаврию ҷустуҷӯӣ ташкил шудааст.Холмӯъмин Сафаров 24 январи соли 1955 дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз 4 июли соли 2009 то имрӯз ба ҳайси роҳбари МД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа менамуд.

Июнь 14, 2012 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад