Роҳбари нави Ассосиатсияи публитсистони Тоҷикистон
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар»). – 18 июни соли 2012 дар яке аз толорҳои бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» ҷаласаи Раёсати Ассосиатсияи публитсистони Тоҷикистон баргузор гардид.Дар ҷаласа раиси нави Раёсати Ассосиатсия интихоб гардид. Аъзои раёсат хоҳиши публитсисти намоёни кишвар Муҳаммадҷон Тоштемировро дар бораи бинобар баромадан ба нафақа аз мансаби роҳбари Ассотсиатсия озод намудани ӯ қонеъ гардониданд. Узви Раёсати Ассотсиатсия, публитсисти намоён, муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии нашаротии «Шарқи озод» Умар Шерхонов роҳбари нави Ассотсиатсия интихоб гардид. Умар Шерхонов зимни суханрониаш дар вазифаи нав вазъи Иттиҳодияи ҷамъиятиро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба вазифаҳои аввалиндараҷаи он ҷалб кард.Дар ин бора муовини аввали раиси Раёсати Ассосиатсияи публитсистони Тоҷикистон Зафар Сайидзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






