Роҳхат барои коромӯзӣ

Июнь 7, 2012 15:06

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар»,Зарина Саидова).—Дар вилояти Суғд раёсатҳо ва шӯъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳру ноҳияҳо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ 150 нафар шаҳрвандеро, ки дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашиданд , аз тариқи квота бо кор таъмин намудаанд.Аз ҷумла 4 нафар маъюб, 44 нафар сарбози аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ озод шуда, 17 нафар волидоне, ки бештар аз 5 кӯдаки ноболиғ доранд, 29 нафар шаҳрванди то синни 18-сола ва ҷавононе, ки баъди хатми муассисаҳои таълимӣ тибқи роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба кор фиристонида шудаанд, бо ҷойҳои корӣ таъмин шуданд. Дар ин давра аз ҳисоби шаҳрвандони бекори дар қайдбуда, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд» ва филиалҳои муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ғафуров, Мастчоҳ, Панҷакент, Истаравшан, Исфара ба 1603 нафар муроҷиаткунанда барои касбомӯзӣ аз рӯйи 20 ихтисоси ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ роҳхат дода шуд, ки аз онҳо 941 нафар курси касбомӯзиро хатм намуда, 823 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Июнь 7, 2012 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад