Роҳи ҳавоӣ Душанберо бо Боку мепайвандад
Душанбе, 19 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Моҳи оянда байни шаҳрҳои Душанбею Боку хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ хоҳад ёфт, ки он барои наздик шудани миллатҳои тоҷику озарӣ мусоидат менамояд». Матлаби мазкурро Аббосалӣ Каром оглу Гасанов, Сафири фавқулодда ва мухтори Озарбойҷон дар Тоҷикистон 19 июн дар Душанбе зимни мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон изҳор дошт. Ш. Зуҳуров низ таъкид кард, ки Тоҷикистону Озарбойҷон дорои муштаракоти фарҳангиву таърихӣ ва мазҳабӣ буда, ин муштаракот заминаи мусоидро барои тавсеаи ҳамкориҳо дар дигар бахшҳо фароҳам меоранд.Бо дахли масоили робитаҳои байнипарулмонӣ Ш. Зуҳуров гуфт, ки фаъолият доштани гурўҳҳои дўстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ҳар ду кившар заминаи хуберо барои таҳкими ин муносиботи ҳасана ба вуҷуд меорад. Боздиди ҳайатҳои парлумонии ҳар ду кишвар аз мамлакатҳои ҳамдигар барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонуну санадҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалидошта кўмак хоҳад кард. Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон изҳори умед карданд, ки муносиботи Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи соҳаҳо густариш ёфта, маҷрои навро касб мекунад. Бояд тазаккур дод, ки 28 майи соли равон аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон 20 сол сипарӣ гардид. То имрўз байни ду кишвар 20 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидаанд, ки онҳо фазои ҳамкориҳои гуногунсоҳаро байни ду давлат боз ҳам тақвият хоҳанд бахшид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






