Роҳи Айнӣ — Панҷакент – сарҳади Ӯзбекистон эҳё мешавад
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Муовини аввали Вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки осиёии рушд бо сардории мутахассиси бахши нақлиёти Раёсати Осиёи Марказию Ғарбӣ Тзенг Ву масъалаҳои беҳдошт ва эҳёи роҳи Айнӣ — Панҷакент — сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муҳокима намуданд.Тавре ки аз Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо ба масъалаи аз нигоҳи техникию иқтисодӣ асоснок намудани тарҳрезии ин роҳи мошингардро мавриди муҳокима қарор доданд. Лоиҳаи мазкур бояд дар муддати кӯтоҳтарин амалӣ гардад. Ин лоиҳа қариб 113 километри роҳи зикршуда, аз ҷумла таҷдиди заҳбуру кӯпрукҳо, ҳамчунин насби пояҳои сими барқ то бунгоҳи назоратии «Дӯстӣ» воқеъ дар сарҳади Ӯзбекистонро фаро мегирад. Ҷонибҳо бахши молиявии лоиҳаро муҳокима намуда, зарурати маблағгузорӣ аз ҷониби Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт, ҳамчунин хароҷоти марбут ба қисман кӯчонидани аҳолӣ дар ҷараёни сохтмони роҳро хотирнишон сохтанд.Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷӯҳи иштирокдорони мулоқотро ба сари вақт ва хушсифат таҳия намудани санади зарурӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур ҷалб намуд. Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо иброз доштанд, ки бояд лоиҳаи мазкур ба манзури муваффақона роҳандозӣ шудани он такмил дода шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






