Робитаҳои МН МО ҶТ бо РОУ нокифост

Июнь 21, 2012 15:07

Душанбе, 21 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Украина дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва Павел Унгурян, роҳбари ҳайати Радаи Олии Украина қарор дошт. Шукурҷон Зуҳуров ташрифи ҳайати парлумонии Украинаро ба Тоҷикистон қадами устувор дар роҳи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Украина арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки байни парлумонҳои Тоҷикистону Украина гурўҳҳои дўстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият доранд ва онҳо баҳри густариши ҳамкориҳо мусоидат менамоянд. Раиси Маҷлиси намояндагон сатҳи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Украинаро нокифоя хонда, изҳор дошт, ки ҳарду ҷониб бояд аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои судманд истифода намоянд. «Ҳамкориҳои байнипарлумонии мо танҳо дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар сохторҳои байналмилалии байнипарлумонӣ маҳдуд шудааст»,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров. Мавсуф таъкид кард, ки ҳамкориҳо бояд дар сатҳи дуҷониба бештар густариш ёбанд. Боздидҳои ҳайати парлумонии Тоҷикистону Украина аз кишварҳои якдигар, омўзиш ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумонҳо ба рушди ҳамкориҳо мусоидат менамояд.  Павел Унгурян, роҳбари ҳайати парлумонии Радаи Олии Украина гуфт: «Парлумони кишвараш омода аст, ҳамкориро бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш диҳад».Зеро таҳкими муносиботи байнипарлумонии Украина ва Тоҷикистон ба манфиати ҳарду кишвар буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Июнь 21, 2012 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад