Робитаҳои МН МО ҶТ бо РОУ нокифост
Душанбе, 21 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Украина дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва Павел Унгурян, роҳбари ҳайати Радаи Олии Украина қарор дошт. Шукурҷон Зуҳуров ташрифи ҳайати парлумонии Украинаро ба Тоҷикистон қадами устувор дар роҳи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Украина арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки байни парлумонҳои Тоҷикистону Украина гурўҳҳои дўстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият доранд ва онҳо баҳри густариши ҳамкориҳо мусоидат менамоянд. Раиси Маҷлиси намояндагон сатҳи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Украинаро нокифоя хонда, изҳор дошт, ки ҳарду ҷониб бояд аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои судманд истифода намоянд. «Ҳамкориҳои байнипарлумонии мо танҳо дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар сохторҳои байналмилалии байнипарлумонӣ маҳдуд шудааст»,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров. Мавсуф таъкид кард, ки ҳамкориҳо бояд дар сатҳи дуҷониба бештар густариш ёбанд. Боздидҳои ҳайати парлумонии Тоҷикистону Украина аз кишварҳои якдигар, омўзиш ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумонҳо ба рушди ҳамкориҳо мусоидат менамояд. Павел Унгурян, роҳбари ҳайати парлумонии Радаи Олии Украина гуфт: «Парлумони кишвараш омода аст, ҳамкориро бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш диҳад».Зеро таҳкими муносиботи байнипарлумонии Украина ва Тоҷикистон ба манфиати ҳарду кишвар буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф заминаи боэътимод фароҳам меорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






