Рушди принсипҳои исломии маблағгузорӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бо ибтикори Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон 5 июн дар Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди принсипҳои исломии маблағгузорӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.Дар кори мизи мудаввар намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои тиҷоратӣ ширкат намуданд.Танзимгари миллии Барномаи минтақавии «Дастгирии маблағгузории кӯчак дар Осиёи Марказӣ» Хуршед Мироқилов дар бораи кори иҷрошуда дар доираи ба низоми молиявии Тоҷикистон ҷорӣ намудани принсипҳои исломии маблағгузорӣ сухан кард. Тавре ки дар Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони мизи мудаввар масъалаҳои омодагии ташкилотҳои қарзавӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани равзанаи исломиро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз рӯи натиҷаи муҳокимаи масъалаҳо тавсияҳо дода шудаанд, ки мақсад аз онҳо тезонидани раванди ҷорӣ намудани принсипҳои исломии маблағгузорӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзавии Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






