Сӯҳбати гузоришгари махсуси СММ бо журналистон

Июнь 1, 2012 11:01

Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 31 май дар шаҳри Душанбе гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи масъалаи ҳуқуқҳои инсон ба таъмини меъёрҳои тансиҳатии ҷисмонию руҳӣ Ананд Гровер бо намояндагони васоити ахбори омма аз рӯи натиҷаи сафараш ба Тоҷикистон сӯҳбат орост.Гузоришгари махсуси СММ дар ҳошияи сафараш, ки аз 24 май то 1 июн идома дошт, бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар мулоқот анҷом дода, ҳамчунин аз як қатор муассисаҳои низоми тандурустии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дидор намуд. Ананд Гровер таассуроташро баён карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват шуданаш ба ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани имконияти муваффақона анҷом додани вазифааш изҳори сипос кард. Гузоришгари махсуси СММ саъю кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро бобати таҳким бахшидани заминаи қонунгузорӣ ва афзун намудани хароҷот барои маблағгузории бахши тандурустӣ ба таври мусбат арзёбӣ намуда, диққатро ба бархе масъалаҳои марбут ба хизматрасонии соҳаи тандурустӣ ба аҳолӣ ва истифодаи усулҳои пешқадами ташхису муолиҷа ҷалб намуд. Ананд Гровер дуюмин гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки бо даъвати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Июнь 1, 2012 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад