С.Девонаев мукофот гирифт

Июнь 14, 2012 11:57

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ба ифтихори ҷашни 20 – солагии ташкили Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав ҷаласаи ёздаҳуми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ ба кораш шурӯъ намуд. Директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский аз номи Хадамоти федералӣ сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ва муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Сабзовро бо нишонҳои ҷашнӣ мукофотонид. Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Орифов аз номи директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия сазовори ташаккурнома гардид. Тавре ки аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласаи пагоҳирӯзии шӯро таҳти раёсати директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия К.Ромодановский сурат гирифта, сипас ҷаласа таҳти раёсати сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Девонаев давом кард.Иштирокдорони ҷаласа таҷрибаи фаъолияти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бобати додани иҷозатномаҳои фаъолияти меҳнатӣ, ҳамчунин ҷараёни таҳияи созишномаҳои дуҷониба ҷиҳати татбиқи принсипу механизмҳои умумии ҷалби муҳоҷирон ба фаъолияти меҳнатӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷаласа корашро давом медиҳад.

Июнь 14, 2012 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд