Сафари гуруҳи корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 6 ва 7 июни соли 2012 тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини сарвазири кишвар М.Алимардонов, вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов, вазири мелиоратсия ва хоҷагии об Р. Бобокалонов ва директори институти «Боғпарварӣ» Т.Аҳмадов ба ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол сафари корӣ намуданд. Гурӯҳи корӣ рафти кишту кори баҳории кишоварзон, ҳолати мелеоративии заминҳо ва рушди соҳаи боғу токпарвариро дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ санҷид. Ҳамзамон оид ба ислоҳи камбудию норасоиҳо боз ҳам беҳтар намудани рафти кишту кори баҳорӣ, истифодаи техникаи кишоварзӣ, сари вақт обёрӣ намудани заминҳо ва боз ҳам инкишоф додани боғу токпарварӣ ба роҳбарон ва масъулини соҳа аз ҷониби гурӯҳи корӣ дастуру супоришҳо дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






