Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд

Июнь 12, 2012 08:58

Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон, оғози сохтмони иншооти зиёди дигар, шиносоии бевосита бо натиҷаҳои рушди ҳаёти ҷомеа ва назорат аз рафти машқҳои низомии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Рисолати сулҳҷӯёна» ба вилояти Суғд сафар кард. Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Нахуст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи таълимии давлатии Мактаб-интернати махсуси Президентӣ дар шаҳри Чкалов ташриф оварда, бо натиҷаҳои ибратбахши фаъолияти ин мактаби навбунёд, вале пешқадам аз наздик шинос шуд. Дар ин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи ин мактаби намунавӣ ифтитоҳ ёфт. Тавре зикр гардид, ин бо 61 утоқи зист, дарстайёркунӣ, фароғату дилхушӣ ва ғайра барои 400 нафар хонандагони роҳдурӣ пешбинӣ шудааст. Худи ҳамин рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин якчанд корхонаи саноатӣ ва дигар иншооти истеҳсолиро, аз ҷумла дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 12, 2012 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст