Самараи амалиёти «Кӯкнор – 2012»
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Чанде пеш кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар доираи амалиёти «Кӯкнор – 2012» дар вилояти Суғд кӯшиши аз кишвар баровардани маводи нашъаовар ҷилавгирӣ намуданд. Қочоқчӣ ният дошт, ки ҳудуди вилоятро барои ба кишварҳои ИДМ бурдани маводи нашъаовар истифода намояд.Тавре ки аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандони агентӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сокини 36 – солаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлонро дастгир карданд. Аз хонаи ин шахс ду бастаи селофанӣ пайдо гардид, ки дар онҳо беш аз 3 килограмм афюн ҷо карда шуда буд. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар ҳамзамон дар шаҳри Истаравшан амалиёти фаврӣ гузаронида, бар асари он қариб 1 килограмм героин ва 11 килограмм каннабисро мусодира намуданд. Вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда беш аз 14 килограммро ташкил медиҳад.Аз рӯи ин ходисаҳо парвандаи ҷиной кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






