Сардори БДА шаҳри Ваҳдат аз сафҳои милиса хориҷ шуд
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бо фармони Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов сардори Бозрасии Давлатии Автомобили шаҳри Ваҳдат Хокиро Сӯфиев аз сафҳои милиса хориҷ гардид. Тавре ки маълум гардид, бо айби Хокиро Сӯфиев бар асари садамаи нақлиётӣ шаҳрванд Сироҷиддин Солеҳов ҳалок шуд. Мувофиқи хабари сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии кишвар, 16 июн Хокиро Сӯфиев дар мошини шахсиаш ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Неъмат Қаробоев бехатарии роҳро таъмин накарда, дар натиҷаи ин мошини ӯ ба автомобили шаҳрванд Сироҷиддин Солеҳов бархӯрда ва Солеҳов дар роҳи сӯи беморхона ҳалок шуд.Алҳол аз рӯи ин ҳодиса тафтишот гузаронида ва масъалаи кушодани парвандаи ҷиноӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






