Сардори Ситоди умумии Артиши ҶМЧ ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сардори Ситоди умумии Артиши халқии озодихоҳи Чин Чэн Биндэ аз 5 то 7 июн барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Чэн Биндэ дар ҷараёни сафараш бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, ҳамчунин бо намояндагони ҳукумат ва Хадамоти дигари ҳарбии ҷумҳурӣ мулоқот анҷом дода, дар маросими гузоштани санги аввали таҳкурсии Хонаи афсарони Вазорати мудофиа иштирок мекунад. Зимни мулоқотҳо масъалаҳои ҳамкории ҳарбию техникӣ ва тарбияи кадрҳои низомӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд. Қобили зикр аст, ки ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии байни Тоҷикистону Чин аз соли 1994 муваффақона рушду густариш меёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






