Сарфи оқилонаи маблағҳои буҷетӣ

Июнь 26, 2012 14:28

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дирӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардида ва дар он масъалаи «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ» дар Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2012 ҷиҳати татбиқи Консепсияи истифодабарии замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор гирифт. Муҳокимаи парламентӣ, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон ва масъулону намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд, таҳти раёсати раиси Кумита оид ба масъалахои аграрӣ ва экологияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиди Ёқубзод ҷараён гирифт. Пас аз тасдиқи рӯзномаи ҷаласа вакили Маҷлиси намояндагон Олимҷон Сафаров дар мавриди масъалаи баррасишаванда суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки муҳокимаи парламентии имрӯза ба яке аз проблемаҳои муҳимтарини ҷумҳуриямон бахшида шудааст, чунки зиндагии мардуми ҷумҳурӣ, асосан, вобаста ба замин мебошад ва истифодаи оқилонаи замин, албатта, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таъсири мусбат худро мерасонад.Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории мамлакатро яке аз ҳадафҳои афзалиятноки расидан ба рушди устувори иқтисодӣ донистааст. Дар ин раванд истифодаи оқилонаи замин дар шароити кӯҳистони камзамини ҷумҳурӣ ба яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаб табдил ёфтааст.Олимҷон Сафаров дар идомаи суханронии худ тазаккур дод, ки тибқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, замин моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати имрӯзаи заминҳои корам дар ҷумҳурӣ маълумот дода, изҳор дошт, ки майдони заминҳои корам то 1 январи соли 2012 743,6 ҳазор гектар, аз ҷумла заминҳои обӣ 502,8 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Имрӯз ба сари ҳар як аҳолии мамлакат камтар аз 0,1 га рост меояд. Дар сурати чунин ҷараён ёфтани афзоиши аҳолӣ ва дар як вақт суръати пасти аз худ кардани заминҳо дар солҳои наздик ҷумҳурӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо заминҳои кишоварзӣ ба мушкилоти ҷиддӣ дучор мегардад. Бинобар гуфтаи Олимҷон Сафаров, барои қонунӣ гардонидан ва таҳкими муносибатҳо вобаста ба замин ва соҳаи заминсозӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи ислоҳоти замин», «Дар бораи заминсозӣ», «Дар бораи баҳои замин», «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ(фермерӣ)» қабул гардида, ҳамзамон вобаста ба зарурат ба онҳо тағйироту иловаҳои дахлдор дохил карда шуданд. Намояндаи мардумӣзимни суханрониаш ҳамчунин дар бораи камубдӣ ва норасогиҳои дар ин самт ҷойдошта ва маблағҳои буҷетии аз тарафи Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солњои 2011-2012 сарфгардида маълумоти муфассал дод. Таъкид гардид, ки Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2011-2012 маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудошударо баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Консепсияи истифодабарии заминҳо барои роҳандозии баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, гузаронидани баҳисобгирии давлатии заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминсозии байни ҷамоатҳо, тадқиқоти калонҳаҷми хок, баҳои иқтисодии замин, тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳо, корҳои харитасозӣ ва барасмиятдарории хоҷагихои ёрирасони шахсии шаҳрвандон (ройгон додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин) сарф кардааст.Сипас оид ба масъалаи муҳокимашаванда ва иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2012 ҷиҳати татбиқи Консепсияи истифодабарии замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокиров муфассал маълумот дод.Байни вакилон ва намояндагону масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат баҳсу мунозира ва саволу ҷавоб сурат гирифтанд.Дар хотимаи ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ аз рӯи масъалаи баррасишуда бо назардошти тавсияву пешниҳоди намояндагони мардумӣ ва дигар иштирокдорони муҳокимаи парламентӣ қарори дахлдор қабул гардид.

Июнь 26, 2012 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ ва иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Дар Хоруғ бо таъмини шароити мусоид мавсими оббозӣ оғоз гардид
Олимон омили дуюми хатари марги бармаҳалро ошкор карданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 июн, шанбе, 181-умин рӯзи соли 2024 аст
Тоҷикистон ва Қатар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Эрон интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор шуд
Дар Роғун ба насли ҷавон аҳамияти Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаҳмонида шуд
ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ. Дар Вазорати нақлиёт ҳамоиши идона баргузор шуд