Савдои чакана, таъмири автомобилҳо ва молҳои маишӣ
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дар моҳҳои январ-апрели соли 2012 ҳаҷми гардиши савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва ашё барои истифодаи шахсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба маблағи 588,7 млн. сомонӣ зиёд шудаааст,- иброз доштанд дар Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, дар чор моҳи аввали соли 2012 гардиши савдои чакана ба андозаи 18,2 фоиз афзудааст. Дар ин муддат ҳаҷми гардиши маблағи корхонаҳои таъмири автомобил 2-3 баробар ва таъмири ашё барои истифодаи шахсӣ ба андозаи 37,3 фоиз зиёд шуд. Ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаи бозорҳо ва дигар сохторҳои тиҷоратӣ 2 млрд. 843,7 млн. сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи ҷумҳурӣ ба маблағи 1 млрд. 559,7 млн. сомонӣ мол фурӯхта шудааст, ки 54,8 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба маблағи 286,7 млн. сомонӣ чорвои зинда, ба маблағи 77,4 млн. сомонӣ автомобилҳои боркаш ва сабукрав, ба миқдори 314,8 млн. сомонӣ маҳсулоти нафтӣ ва ба маблағи 605,3 млн. сомонӣ молҳои дигар фурӯхта шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






