Се бозии даври 9-ум мавқуф гузошта шуд
Душанбе, 1 июн. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Тибқи қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон се бозии даври 9-ум бо иштироки дастаҳои «Вахш» — «Истиқлол», «Парвоз» — «Энергетик» ва ССКА «Помир» — «Хайр» ба мӯҳлати дигар гузаронида шуданд. Ба ин қарор омадани федератсия аз он хотир аст, ки қисми бештари футболбозони дастаҳои мазкур ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони то 22 солаи мамлакат даъват шудаанд. Ҳамин тавр, дар даври 9-ум танҳо вохӯрии дастаҳои «Гвардия» ва «Ҳосилот» (2 июн), «Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан», инчунин, «Хуҷанд» ва «Зарафшон» (3 июн) барпо мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






