Се корхонаи нав бунёд мегардад
Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Дар оғози нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар Тоҷикистон се корхонаи нави саноатии истеҳсолкунандаи маводи сохтмонӣ ба кор андохта мешавад.Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Варзоб ду корхонаи хурди семент мавриди истифода қарор мегирад. Иқтидори солонаи корхонаи «Суғдсемент» — и ноҳияи Мастчоҳ 100 ҳазор тонна сементро ташкил медиҳад. Алҳол дар корхона таҷҳизоти муосир насб гардида, хати нави технологӣ рӯи кор оварда мешавад. Иқтидори солонаи корхонаи «Тоҷикистон» — и ноҳияи Варзоб ба 75 ҳазор тонна семент мерасад.Ғайр аз ин дар ноҳияи Ғончӣ ба истифода додани корхонаи нави коркарди санги мармар дар назар аст. Иқтидори солонаи ин корхона 15 ҳазор метри мураббаъ санги мармар хоҳад буд. Қобили зикр аст, ки корхонаҳои истеҳсолкунандаи маводи сохтмонӣ дар ҳошияи барномаи давлатӣ барои таъмини ҷумҳурӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ бунёд мегарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






