Семинарҳо барои кормандони БМТ
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Созмони Грант Торнтон дар Тоҷикистон барои 15 нафар мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон як қатор семинарҳои таълимӣ дар мавзӯи назорати дохилӣ ва аудитро ташкил намуд. Мақсад аз роҳандозӣ намудани семинарҳо зарурати беҳдошти таълим, ҳамчунин мадад ба тезонидани суръати рӯи кор овардани низомҳои самарабахши назорати дохилӣ дар бахши бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Иштирокдорони семинарҳо сифати онҳоро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, соҳиби шаҳодатномаҳои махсус гардиданд. Созмони Грант Торонтон дар Тоҷикистон яке аз созмонҳои пешқадами ҷаҳон буда, ширкатҳои мустақили муҳосибавию машваратиро муттаҳид месозад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






