Семинар барои омӯзгорони томактабӣ
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо ибтикори Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф ва илму фарҳанг ва бо мусоидати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО 19 июн дар Маркази ҷумҳуриявии матбуот Семинари омӯзиши байниминтақавӣ оид ба усулҳои нави таълимӣ барои омӯзгорони томактабӣ ба кораш шурӯъ намуд. Дар кори семинар коршиносони Тоҷикистон ва Созмони исломӣ иштирок доранд. Дар семинар коршиносони Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, мураббиҳо, усулшиносони муассисаҳои томактабӣ ва кӯдакистонҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ аз таҷрибаи таҳсилоти томактабӣ гузориш медиҳанд. Мувофиқи суханони котиби масъули Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО Шаҳло Абдураҳимова, мақсади асосии семинар ба иштирокдорони он ёд додани усулҳои нави таълим мебошад. Семинар то 21 июн давом мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






