Семинари кормандони маориф
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Бо дастгирии барномаи «Рушди барвақтаи кӯдак» — и шӯъбаи Институти «Ҷомеаи кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Фалсафа ва принсипҳои барномаи байналмилалии «Қадам ба қадам» барои намояндагони институтҳои такмили ихтисос ва такроромӯзии кормандони маориф ба кори худ шурӯъ намуд. Мақсад аз семинар бо фалсафа ва принсипҳои барномаи байналмилалии «Қадам ба қадам», ҳамчунин бо маводҳои барнома шинос намудани иштирокдорони он аст. Дар семинари омӯзишӣ ректорон, мутахассисони таълими томактабӣ ва ибтидоӣ, Институти ҷумҳуриявӣ ва институтҳои такмили ихтисос ва такроромӯзии кормандони маорифи минтақаҳои ҷумҳурӣ, Институти илмию тадқиқотии илмҳои педагогии Академияи маорифи Тоҷикистон ва Маркази такмили ихтисоси муаллимон иштирок доранд. Кори семинари омӯзишӣ то 23 июн давом мекунад.Дар ин бора аз Институти «Ҷомеаи кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






