Семинари сайёр барои муаллимони мактабҳои тоҷикӣ
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо ибтикори Намояндагии ҳамкории Русия дар ҶТ, Академияи маорифи Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҶТ, Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Русия» 19 июн дар Пажуҳишгоҳи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони маорифи Тоҷикистон семинари серӯза дар мавзӯи «Салоҳиятҳои нави касбии муаллимони забону адабиёти рус» оғоз ёфт. Дар ин чорабинӣ ҳайати Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия воқеъ дар шаҳри Маскав ширкат дорад.Мувофиқи суханони академики Академияи маорифи Тоҷикистон Ирина Каримова, дар чаҳорчӯбаи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 – 2014 гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки он ҷиҳати тарҳрезии барномаи забони русӣ барои солҳои минбаъда фаъолият намуда ва ба усули нави таълими ин фанҳо таваҷҷӯҳи хоса медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






