Ш. Зуҳуров: «Чин ҳамсояи боэътимод аст»

Июнь 7, 2012 15:15

Душанбе, 7 июн.(АМИТ»Ховар», Марзия Саидова).-«Барои мардуми Тоҷикистон Чин кишвар ва ҳамсояи боътимоду мўҳтарам маҳсуб мешавад», гуфт Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот бо Чэн Биндэ, сардори Ситоди генералии артиши халқӣ-озодихоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин. Ш.Зуҳуров ташрифи меҳмони олиқадри чиноиро ба парлумони Тоҷикистон фоли нек арзёбӣ карда, доир ба фаъолияти ин мақоми олии қонунгузор маълумот дод. Мавсуф ба сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин баҳои баланд дода гуфт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар тамоми арсаҳо, бахусус дар бахши низомӣ сол аз сол ривоҷ меёбанд. Ш. Зуҳуров бо ишора ба масоили ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон бо кўмак ва сармояи Чин беш аз 50 тарҳи муштарак дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, хусусан дар заминаҳои энергетика ва коммуникатсия дар ҳоли татбиқ қарор доранд. Мавриди зикр аст, ки тўли солҳои истиқлолият байни Тоҷикистону Чин 150 санади меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расидааст, ки онҳо дар тақвияти муносиботи ду кишвари ҳамҷавор нақши муассир мегузоранд. Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамҷавории нек, дўстӣ ва ҳамкорӣ муҳимтарин аснод ба шумор меравад. Сардори Ситоди генералии артиши халқӣ-озодихоҳи Чин Чэн Биндэ низ аз сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар заминаи амниятиву низомӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт: Чин дорои зарфиятҳои бештари барқарории равобит бо Тоҷикистон буда, ҳар замон омода аст, ки аз ин зарфиятҳо барои миллату мардуми Тоҷикистони дўсту ҳамҷавор истифода намояд. Намояндаи воломақоми артиши Чин ҳамзамон тақвияти муносиботи кишвараш бо Тоҷикистонро дар бахши низомиву амниятӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар кишварҳои якдигар ва ҳифзи марзи муштарак муҳим арзёбӣ кард. Мусоҳибон ҳамчунин авзои минтақаро матраҳ намуданд.

Июнь 7, 2012 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад