Шикорчиёну сайдпарварон соҳиби қонун мегарданд
Душанбе, 25 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ояндаи наздик палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон қонуни нав «Дар бораи шикор ва сайдпарварӣ»-ро қабул хоҳад кард. Лоиҳаи қонуни мазкур 25 июн дар ҷаласаи Шўрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, баррасӣ гардид. Аъзои Шўро инчунин лоиҳаи ду қонуни нави дигар — «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ва « Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор»-ро матраҳ намуданд, ки онҳо аз сўи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба парлумон пешниҳод гардидаанд. Ҳамзамон масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи туризм» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ» низ дар ҷаласа баррасӣ гардиданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур бо мақсади такмили меъёрҳояшон, инчунин мутобиқ намудани муқаррароти он ба дигар санадҳои қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба парлумон пешниҳод гардидаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






