Шиносоии Э. Раҳмон аз фаъолияти истеҳсолии ширкати Зи Ҷин

Июнь 3, 2012 19:55

Душангбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо фаъолияти истеҳсолии ширкати Зи Ҷин дар конҳои тиллою мис ба шаҳри Шанхани музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф овард. Дар майдони Мардумии Шанхан зимни як маросими тантанавӣ мири он Се Хайбо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро «шаҳрванди фахрӣ»-и ин шаҳр эълон намуда, ба ӯ «Калиди тиллоӣ»-и он ва дипломи шаҳрвандии фахриро тақдим намуд. Мири шаҳри Шанхан нақши Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳким ва густариши робитаҳои судманди Тоҷикистону Чин намоён арзёбӣ карда, «шаҳрванди фахрӣ»-и ин шаҳр эълон шудани ӯро боиси ифтихору сарфарозии худ ва сокинони ин маҳал номид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои қадршиносии баланд ба роҳбарият ва сокинони шаҳри Шанхан арзи сипос карда, изҳор дошт: «эҳсоси ҳусни ҳамҷавориву дӯстии байни халқҳои мо аз қаъри таърих – замони Роҳи Бузурги Абрешим маншаъ мегирад, аз ин рӯ решаҳои дӯстии мо пурқувватанд». «Дар асри бисту як мо якҷоя бо Чин масоили рушди муштаракро ҳаллу фасл мекунем, дӯстии деринаро таҳким мебахшем ва ҳамкориҳоро тавсеа медиҳем», — таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 3, 2012 19:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд