Шиносоии О. Оқилов аз рафти корҳои сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа

Июнь 16, 2012 14:10

Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо рафти корҳои сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа дар қитъаи Ваҳдат — Ёвон шинос шуд. Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид дар айни замон корҳои сохтмонӣ бо дастгирию маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар хатти нави роҳи оҳан — қитъаи Ваҳдат — Ёвон бо маром идома доранд. Аз соли 2009 то инҷониб дар қитъаи роҳ ба андозаи қариб 2,5 млн. метри мукааб корҳои заминӣ иҷро, 29 адад иншооти хурди сунъӣ сохта шуда зиёда аз 5 км хатти роҳ васл гардидааст. Ҳамзамон як гузаргоҳи автомобилӣ ба истифода супурда шуда 5,2 км хатти роҳи оҳани Ваҳдат — Элок таъмир ва 11,5 км фосилаи хатти роҳи Роҳатӣ — Ваҳдат аз тарафи қитъаи Душанбе 5,8 км фосилаи роҳи Қӯрғонтеппа — Вахш аз тарафи қитъаи Қӯрғонтеппа азнавсозӣ шудааст. Таъкид кардан зарур аст, ки сохтмони хатти нави роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат — Ёвон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 оғоз гардида, он силсилаи марказии роҳи оҳани дар оянда сохташавандаи Эрон — Афғонистон — Тоҷикистон — Қирғизистон ва Хитой ба ҳисоб меравад. Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш бевосита бо рафти корҳо дар мавзеи бунёди нақб ва пулҳои бузург шинос шуданд, ки дар айни замон барои оғоз намудани сохтмони онҳо таввасути ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳои омодагӣ амали гардида истодаанд. Иншооти мазкур мувофиқи асосноккунии техникиву иқтисодӣ 130 млн. доллари америкоӣ арзиш дошта, сохтмони 18 пули хурду бузург ва 1 нақб бо дарозии 2340 метрро дар бар мегирад. Дар айни ҳол барои пешбурди корҳои роҳсозӣ 65 адад мошину таҷҳизоти муосир ва 167 нафар коргар ҷалб карда шудааст. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов зимни боздид аз рафти корҳо, машварат ва сӯҳбату вохӯриҳо бо мутахассисону роҳсозон доир намуда, изҳор дошт, ки сохтмони хатти нави роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, ки ҳоло дар қитъаи асосии он Ваҳдат — Ёвон сохтмончиёну роҳиоҳанчиён самаранок фаъолият намуда истодаанд, яке аз иншооти дорои аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ба шумор рафта, дар сурати ба кор оғоз намудани хатти роҳи оҳани мазкур бору мусофиркашонӣ аз марказ ба ҷануби ҷумҳурӣ осон ва масофаи роҳ 321 км кӯтоҳтар мешавад, ки ин ҳамаҷониба мусоиду мувофиқ ва ба манфиати кор мебошад. Дар машварати корӣ аз рафти корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ гардида таъкид шуд, ки хизмат ва заҳматҳои роҳсозони ин иншооти азим аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат пайваста қадр карда мешавад. Собиқадорони кор ва фаъолони соҳа дар ҳамин машварат бо туҳфаҳои арзишманди пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд.Оқил Оқилов масъулони соҳа, роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва мутахассисону роҳсозони ин иншооти аҳамияти бузург доштаи мамлакатро вазифадор намуд, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ бо мақсади пешбурди сохтмони иншоот тадбирҳои зарурӣ андешида корҳои сохтмониро мувофиқ ба талаботи муосири роҳсозӣ ба роҳ монанд ва барои дар мӯҳлати муайянгардида сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дондани роҳи оҳан аз имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Июнь 16, 2012 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст