Ширкатҳои ватанӣ дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд

Июнь 7, 2012 16:25

Душанбе, 7 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 30 корхонаю ширкатҳои ватанӣ дар 6-умин намоишгоҳ –ярмаркаи «Интерлегпром-2012» молу маҳсулоти худро ба намоиш ва фурўш гузоштанд. Намоишгоҳи мазкур, ки муддати се рўз -7-9 июн дар Душанбе идома меёбад, бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тоҷикистон созмон дода шудааст.  Дар маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ масъулин ва созмондиҳандагони намоишгоҳ зикр карданд, ки ҳадафи баргузории намоишгоҳ ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷорӣ намудани технологияи муосир дар бахши саноати сабук аст. Дар намоишгоҳ дар радифи молу маҳсулоти ширкату корхонаҳои «Интермебел», «Нассоҷии тоҷик», «Нафиса», «Бонки Эсхата», «Рухом», «Ёқут-2000», «Спитамен Текстайл», «Ҷавонӣ», «Сатн», «Ноҳид», «Текстил Сити», «Олим Текстайлз», «Зари Кўлоб», «Созтарош», инчунин косибону ҳунармандони мардумӣ, ки ба истеҳсоли навъҳои гуногуни молу ашё машғуланд, дастранҷи худро ба намоиш ва фурўш гузоштанд. Намоишгоҳи «Интерлегпром-2012» соли шашум аст, ки дар Душанбе ташкил гардида, дар доираи он баргузории сўҳбату мулоқот ва мизи мудаввар дар назар аст. Интизор меравад, ки дар сўҳбатҳои мизи мудаввар намояндагони ширкату корхонаҳои саноати сабук доир ба вазъи феълии саноати сабук ва рушди минбаъдаи ин соҳа табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд ироа мекунанд.

Июнь 7, 2012 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд