Шумораи мизоҷони «Бонки Эсхата» меафзояд
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Шумораи мизоҷони қарзгирандаи Бонки «Эсхата» бештар аз 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Мизоҷони ин бонк иборат аз ҳам шахсони воқеию соҳибкорони инфиродӣ ва ҳам корхонаҳои калони истеҳсолии ҷумҳурӣ мебошанд, ки ба соҳаи рушди иқтисодиёт саҳми бузург мегузоранд.Мувофиқи суханони сардори раёсати қарзавии бонки мазкур Носирҷон Орифов, ҳаҷми маблағҳои қарзавии бонк бештар аз 330 миллион сомониро ташкил медиҳад.Рӯи кор овардани бахшҳои қарзавии бонк ба манзури наздик шудан бо мизоҷон ва афзун намудани ҳаҷми маблағҳои ба аҳолӣ қарз додашаванда мутобиқи стратегияи интихобшудаи бонк барои солҳои наздиктарин дар амал татбиқ карда мешавад.Қобили зикр аст, ки як худи моҳи апрел дар ноҳияҳои Панҷакент, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ ва дар шаҳри Конибодом боз 4 шӯъбаи маркази бонкӣ ифтитоҳ гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






