Системаҳои нави равшанидиҳӣ дар мактабҳои пойтахт
Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар ду мактаби миёнаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ба ҷойи системаҳои кӯҳнашудаи равшанидиҳӣ асбобҳои нави танвирӣ насб шудаанд. Мувофиқи суханони коршиноси Ҷамъияти ҳифзи табиати Норвегия Леонид Фирсов, барои гузоштани асбобҳои нави равшанидиҳӣ дар синфҳо ва равшан намудани тахтаи синф чароғҳои хушсифати Филипс (Philips) мавриди истифода қарор гирифтанд. Чароғҳои нав на фақат ба стандартҳои муосири сифати равшанӣ барои муассисаҳои мактабӣ мувофиқат мекунанд, балки нерӯи барқро нисбат ба чароғҳои пештараи мактабҳои ҷумҳурӣ низ ду баробар камтар истифода менамоянд. Дар ин бора аз созмони экологии «Замини хурд» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






