Сохтмони бинои маъмурӣ оғоз ёфт
Ғарм, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Дар маркази ноҳияи Рашт- шаҳраки Ғарм сохтмони бинои замонавии 4-ошёнаи маъмурӣ бо маблағи 4,5 миллион сомонӣ оғоз ёфт.Сохтмон бо маблағгузории мудирияти сохтмонии иншооти ҳукуматии дастгоҳи Президенти ҷумҳурӣ пешниҳод шуда, бунёди онро сохтмончиёни ҶДММ «Ҷамил ЛТД», сарвараш Аъзам Салимов ба ӯҳда доранд. Дар айни ҳол зиёда аз 170 ҳазор сомонӣ корҳои бетонию сохтмонӣ иҷро шудаанд,- гуфт зимни сӯҳбат мудири шӯъбаи сохтмонии асосии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Назридин Мирзоев. Ҳоло сохтмони бинои маъмурӣ идома дошта, мувофиқи нақша то охири сол сохтмон ба итмом мерасад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






