Сохтмони иншооти нав
Мастчоҳ, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар арафаи иди рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар минтақаи гумрукии «Фотеҳобод» бинои маъмурии маркази назорати давлатии байтории наздисарҳадӣ ба истифода дода шуд. Бинои хадамот дар асоси лоиҳаи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Меъмор» аз ҷониби бинокорони корхонаи давлатии сохтмонии рақами 3-и ноҳияи Мастчоҳ бунёд карда шуда, ин амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи бозори дохилӣ, иқтисоди миллӣ ва саломатии аҳолист.Дар ноҳияи Спитамен корхонаи равғани «Спитамен-ойл» бо васлу насби технологияи муосири сохти Эрон бунёд меёбад, ки иқтидори коркарди 150 тонна чигити техникиро дар як шабонарӯз дорад.Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмони синфхонаҳои нав дар мактабҳои рақамҳои 1 ва 21, бунгоҳи тиббӣ ва кӯдакистон дар деҳаҳои Гулхонаю Деҳмой сурат дорад.Дар коргоҳи регу шағали соҳибкор Комрон Дадобоев, дар асоси технологияи нав ва иҷозатномаи Вазорати саноат ва энергетикаи мамлакат нахустин маҳсулот, якчанд намуди масолеҳи бинокорӣ истеҳсол карда шуд.Дар шаҳраки «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ашт бо саҳми соҳибкорон Нозим Норматов ва Тӯялӣ Дадобоев коргоҳи нону қаннодӣ ва маркази фармасевтӣ таъсис ёфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






