Сохтмони нақби «Шар – шар» идома дорад
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Кор дар қитъаҳои осебдидаи ҳудуди нақби «Шар – шар» идома дорад. Корҳои асосиро Корпоратсияи сохтмони роҳи оҳани Чин, ки пудратчии асосии лоиҳа мебошад, иҷро менамояд. Корпоратсияи мазкур розӣ шудааст, ки нуқсонҳои роҳи мошингарди сӯи нақбро бо маблағи худ бартараф намояд. Дар ин бора аз Сарраёсати хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, дар баъзе қитъаҳои роҳи мошингарди сӯи нақб тарқишҳо ба амал омада, бар асари он ҳаракати нақлиёти автомобилӣ мураккаб гардидааст. Хотирнишон месозем, ки татбиқи лоиҳаи сохтмони нақби нақлиёти автомобилии «Шар – шар» соли 2006 оғоз ёфта ва соли 2009 номи «Озодӣ» — ро ба худ гирифт. Масофаи умумии нақб беш аз 2 километрро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






