«Сомон Эйр» соҳиби боз як Боинг 737-300 гардид

Июнь 14, 2012 10:55

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соҳиби боз як ҳавопаймои Боинг 737-300 гардид.Тавре ки аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар доданд, ҳавопаймо ба тарзи лизинги молиявӣ гирифта шуда, дорои 149 ҷойи нишаст мебошад. Дар хусуси дастрас кардани ин ҳавопаймо миёни ширкати «Сомон Эйр» ва «Boeing Capital Corporation» гуфтушунид анҷом пазируфт.Мақомоти раҳбарии ширкат тасмим гирифтааст, ки ҳавопаймои навро ба исми Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Нусратулло Махсум номгузорӣ кунад.Ёдовар мешавем, ки дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дорои 6 ҳавопаймо – ду Боинги 737-900, ду Боинги 7337-800 ва ду Боинги 737-300 аст.

Июнь 14, 2012 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд