Суръатбахшии сохтмони роҳи оҳан
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат- Ёвон масофаи байни шаҳрҳои Душанбе- Қӯрғонтеппаро чор маротиба кӯтоҳ сохта ва аз нигоҳи иқтисодӣ ба кишвар миллионҳо сомонӣ маблағ фоида меорад,-иброз доштанд дар Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои манбаъ, сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа қисме аз лоиҳаи байналмилалии сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон- Қирғизистон-Чин маҳсуб меёбад.Дар доираи ин лоиҳа сохтмони 18 кӯпруки хурду калон ва як нақб ба дарозии 2 ҳазору 340 метр пешбинӣ шудааст.То имрӯз зиёда аз 30 адад иншооти хурд бунёд ва 5 км роҳи оҳан васл карда шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






