Суруд ба забони англисӣ танинандоз шуд
Хоруғ, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар толори Кохи ҷавонон консерти ғайримуқаррарӣ баргузор гардида, дар он ҷавонон ба забони англисӣ суруд гуфтанд. Ин маҳфили мусиқӣ бо ибтикор ва дастгирии «Гӯшаи Амрико» баргузор гардида, ғолибони он дар консерти умумӣ, ки дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд, ширкат менамоянд.Яке аз шартҳои асосии озмун он аст, ки ҳар як овозхон бояд таронаи амрикоиро бо мусиқии ғарбӣ хонад. Дар озмун ба тарзи талаффуз, матни суруд ва навои оҳанг аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ба гуфтаи роҳбари бахши равобит бо ҷомеаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Никола Бай, ҳоло дар шаш минтақаи Тоҷикистон гӯшаи Амрико фаъолият дошта ва чунин маҳфилҳо дар ҳамаи онҳо роҳбандозӣ мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






