Тақвими мусобиқот дар Лигаи олӣ тағйир ёфт
Душанбе, 7 июн. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Бинобар сабаби дар урдугоҳи навбатӣ ҷамъ шудани футболбозони дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар тақвими мусобиқот дар Лигаи олӣ дигар шуд. Дастаи “Истиқлол” акнун ба ҷои рӯзи 10 июн рӯзи 9 июн бо “Регар- ТадАЗ” дар варзишгоҳи марказии пойтахт вохӯриашро барпо мекунад. Ҳамин тариқ, рӯзи 10 июн танҳо бозии байни дастаҳои “Истаравшан” ва “Хуҷанд” гузаронида мешавад. Бозиҳои дигар рӯзи шанбе- 9 июн бо ширкати дастаҳои «Равшан» — ССКА «Помир»,«Ҳосилот» — «Зарафшон»,«Хайр» — «Вахш»,«Гвардия»-«Парвоз» барпо мегарданд.Тамрини урдугохи дастаи мунтахаби ҷавонон аз 10 то 17 июн давом мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






