Таҷҳизоти нав барои корхонаҳои саноатӣ

Июнь 13, 2012 10:39

Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ ва кимёвии Вазорати энергетика ва саноати ҶТ барои рушди соҳаи саноати кишвар технологияҳои нав ба даст оварданд. Дар семоҳаи аввали соли 2012 барои коргоҳу корхонаҳои навташкили саноати мошинсозӣ ва кимиё ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 900 ҳазор доллари ИМА таҷҳизот ва хатҳои нави технологӣ оварда шуд. Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба Амит «Ховар» хабар доданд, барои корхонаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сайқал» — и шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷиҳати коркарди такрории пластмасс ба маблағи 19 ҳазору 200 доллари ИМА таҷҳизоту хати нави технологӣ оварда ва насб карда шуд. Корхонаи мазкур дар ҳудуди вилояти Суғд партовҳои пластмассиро ҷамъ оварда, баъди коркард аз онҳо ғелакҳои пластмассӣ тавлид мекунад. Қобили зикр аст, ки дар ин давра дар корхонаҳои Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Такшӯ» — и шаҳри Душанбе, Ҷамъияти масъулиташ маҳдуди «Тли Перс» , Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Алмос», — и шаҳри Ваҳдат ва дар корхонаҳои дигар таҷҳизоти нави технологӣ насб гардид, ки ин на фақат вазъи истеҳсолотро беҳтар намуд, балки сифати маҳсулотро низ баланд бардошт.

Июнь 13, 2012 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад