Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар МОИ «Суғд»

Июнь 29, 2012 10:18

Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Чанде пеш дар маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) «Суғд» бахшида ба 15 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси ботаната баргузор гардид, ки дар он ниҳодҳои Минтақаи озоди иқтисодӣ, соҳибкорон, намояндагони корхонаю ташкилотҳо ширкат доштанд. Роҳбари маъмурият Анвар Ёқубов зимни суханрониаш зикр намуд, ки 15 сол муқаддам Тоҷикистон роҳи рушди сулҳомез ва ваҳдату ризоияти миллиро пеш гирифта буд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари тараққиёбанда буда, дар ҷомеаи ҷаҳон мақоми арзандаро касб намудааст. Анвар Ёқубов ҳамчунин зикр намуд, ки тайи солҳои гузашта бахшҳои аввалини минтақаи озоди иқтисодӣ ба истеҳсоли маҳсулоти мавриди зарурати кишвар шурӯъ намуданд ва имрӯз корхонаҳои нави дорои таҷҳизоти муосири технологӣ бунёд мешаванд.Дар ин бора сардори шӯъбаи иттилооту таҳлили Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Муҳайё Қаюмова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Июнь 29, 2012 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд