Таассуроти сайёҳони ҳоландӣ аз табиати Тоҷикистон
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мулоқоти сайёҳони ҳоландӣ бо донишҷӯён ва устодон баргузор гардид. Ин мулоқот бо ташаббуси роҳбарияти факултаи туризм ва хадамоти гумрукӣ доир гашт. Сайёҳон нақл карданд, ки аз кишвари Ҳоланд ба Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳи ҳафтнафара ташриф овардаанд. Онҳо аз тамошои табиати дилнишини Тоҷикистон, бахусус шаҳри бостонии Истравшан, соҳили дарёи Зарафшон ва кӯли афсонавии Искандаркӯл лаззат бурдаанд. Ба сайёҳони ҳоландӣ табиати тамошобоби Бадахшон низ хеле писанд омадааст, ки ба ақидаи эшон дер боз дар хотироташон хоҳад монд. Бахусус, дидани чашмаҳо бо обҳои гарму хунук дар ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим, кӯли баландкӯҳи Булункӯл ва амсоли инҳо. Дар фарҷом миёни донишҷӯён ва сайёҳон доир ба масоили туризм мубодилаи афкор сурат гирифт.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






