Табодули ёддоштҳо оид ба «Барномаи дастгирии Япония»

Июнь 11, 2012 11:53

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 11 июни соли 2012 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаши роҷеъ ба «Барномаи дастгирии лоиҳаи рушди захираҳои башарӣ дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти Япония» табодули Ёддошт намуданд.  Барномаи дастгирии лоиҳаи рушди захираҳои башарӣ барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ниёзи зиёд ба рушди захираҳои башарӣ дар сохтори қонунгузорӣ, иқтисодиёт, менеҷмент ва муносибатҳои байналмилалӣ доранд, нигаронида шудааст. Ин лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 4 сол пешбинӣ шуда, аз соли 2009 шурӯъ гардидааст. Барнома кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри рушди захираҳои башарӣ дастгирӣ намуда, ба хизматчиёни ҷавони давлатӣ имкон медиҳад, то маҳорати касбии худро такмил диҳанд.

Июнь 11, 2012 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд