Такмили ихтисоси омӯзгорон дар ноҳияи Б.Ғафуров

Июнь 25, 2012 10:37

Б.Ғафуров, 25 июн. (АМИТ «Ховар», М.Амонов).- Курси такмили ихтисоси имсола аз рӯи фанҳои математика ва забону адабиёти тоҷик дар ду баст аз 87 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, омӯзгорони ин фанҳоро фаро гирифта, дар заминаи беҳтарин мактабҳои ноҳия бо ҷалби олимони соҳа ва мутахассисони соҳибмалака ҷараён мегирад.Ҳадаф аз ташкили чунин курсҳо пеш аз ҳама такмили малакаю маҳорати касбии омӯзгорон бошад, аз тарафи дигар санҷиши дониши касбии онҳо мебошадКурси такмили ихтисос давоми 5 рӯз амал карда, тӯли ин рӯзҳо омӯзгорон дарсҳоро аз фанни математика бо истифодаи усули таълим, дарсҳои ғайрианъанавӣ, дарс -конфронс, дарс -афсона, дарс- саёҳат, дарс-театрро меомӯзанд, то дар соли нави хониш дар таълиму тадриси шогирдон комёб бошанд.

Июнь 25, 2012 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад