Тангаҳои нав ба муомилот бароварда шуданд
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо мақсади сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар бо тангаҳои нави филизӣ, бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2012 тангаҳои филизии “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1 сомонӣ ва тангаҳои филизии “дирам” бо арзишҳои 5, 10, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Аз рӯи иттилои хадамоти матбуотии БМТ, дар қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, тангаҳои филизии “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1 сомонӣ ва тангаҳои филизии “дирам” бо арзишҳои 5, 10, 20, 50 дирам барориши соли 2011 дар қатори тангаҳои филизии барориши солҳои 2001 ва 2006, ки айни замон дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






