Танзим- баракати зиндагӣ
Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Танзим- баракати зиндагӣ», таҳти чунин унвон имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи он бо ибтикори раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Ҳамидуллохон Фақеров иброз дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат ба тасвиб расидааст, бешубҳа дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати тозаистиқлол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқист, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил медиҳанд. «Бо қабули қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайрро анҷом дод», — афзуд Ҳ. Фақиров. Зикр шуд, ки Қонуни мазкур барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






