Танзими ҷашну маросим ба фоидаи мардум аст
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Аз қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” 5 сол сипарӣ гардид.Ба ин муносибат дар Кумитаи корҳои дин ҷамъомад доир гардид, ки дар он кормандони раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи мазкур иштирок намуданд. Дар ҷамъомад раиси Кумита Абдураҳим Холиқов ба кормандони раёсат барои фаъолияти пурсамар дар роҳи татбиқи қонун изҳори сипос намуд. Бояд зикр намуд, ки қонуни “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” 8 июни соли 2007- ум баъд аз мулоқот бо фаъолони ҷомеаи мамлакат ба тариқи муҳокимаи васеъ қабул гардид. Дар ин панҷ сол танҳо аз баргузории 5 маъракаи асосӣ: азодорӣ, тӯйҳои домодию арусӣ, маросими 40, сол ва хатнасур тақрибан 8 млрд. сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардид. Баъд аз қабули ин қонун ва тарзи ба роҳ мондани он таваҷҷӯҳи аксар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Озарбойҷон, Қирғизистон , Қазоқистон , Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ин масъала зиёд гардид. Дар ҳоли ҳозир Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар тобеияти Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, раёсати онро Азизулло Мирзоев ба ӯҳда дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






