Тарҳрезӣ ва татбиқи барномаҳои рушди шаҳрҳои Тоҷикистон

Июнь 6, 2012 15:58

Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Имрӯз, 6 июн, дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Тавсияномаи усулӣ ҷиҳати тарҳрезӣ ва татбиқи барномаҳои рушди шаҳрҳо, ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт. Дар кори мизи мудаввар намояндагони вазоратҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҳамчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ширкат доштанд.Мақсад аз ин чорабинӣ ба назари эътибор гирифтани фикру пешниҳодоти ҷонибҳои манфиатдор барои такмили роҳбарии усулӣ мебошад. Аз рӯи натиҷаи мизи мудаввар тавсияномаи мазкур такмил дода ва ҷиҳати тасдиқи он ба мақомоти марбута пешниҳод мешавад.

Июнь 6, 2012 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад