Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тарбияи насли наврасу ҷавонон ва тақвияти маънавиёту фарҳанги сиёсии онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо ин мақсад Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва омӯзиши асари Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», тарғибу пос доштани арзишҳои миллӣ, тарбияи ватанпарастию ватандорӣ ва илмгароиву фарҳангдӯстӣ дар ниҳоди наврасону ҷавонон чорабинии тарғиботию омӯзиширо дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки олимони ҷавону толибилмон доир намуд.Дар чорабинӣ маводи илмии олимони ҷавон аз дастовардҳои истиқлолияти кишвар, таърихи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, иштирокдорон бори дигар аз таъриху мақоми миллати тоҷик дар арсаи таърих ва ҷаҳон бохабар шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






